عَنْ مَالِكِ بْنِ أَوْسِ بْنِ الْحَدَثَانِ أَنَّهُ قَالَ: أَقْبَلْتُ أَقُولُ مَنْ يَصْطَرِفُ الدَّرَاهِمَ؟ فَقَالَ طَلْحَةُ بْنُ عُبَيْدِ اللهِ وَهُوَ عِنْدَ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ رضي الله عنهما: أَرِنَا ذَهَبَكَ، ثُمَّ ائْتِنَا، إِذَا جَاءَ خَادِمُنَا، نُعْطِكَ وَرِقَكَ، فَقَالَ عُمَرُ بْنُ الْخَطَّابِ: كَلَّا، وَاللهِ لَتُعْطِيَنَّهُ وَرِقَهُ، أَوْ لَتَرُدَّنَّ إِلَيْهِ ذَهَبَهُ، فَإِنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«الْوَرِقُ بِالذَّهَبِ رِبًا، إِلَّا هَاءَ وَهَاءَ، وَالْبُرُّ بِالْبُرِّ رِبًا، إِلَّا هَاءَ وَهَاءَ، وَالشَّعِيرُ بِالشَّعِيرِ رِبًا، إِلَّا هَاءَ وَهَاءَ، وَالتَّمْرُ بِالتَّمْرِ رِبًا، إِلَّا هَاءَ وَهَاءَ».
المزيد
Аз Молик ибни Авс ибни Ҳадасон ривоят аст, ки гуфт: Ман омадам ва гуфтам: Кист, ки дирҳамҳоро иваз кунад? Талҳа ибни Убайдуллоҳ, ки назди Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳумо) буд, гуфт: Тиллоятро ба мо нишон деҳ, баъд биё, вақте ки хидматгорамон биёяд, ба ту нуқра медиҳем. Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ҳаргиз! Савганд ба Худо, ё ту нуқраашро ба ӯ медиҳӣ, ё тиллояшро ба ӯ пас мегардонӣ. Зеро Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд:
"Фурӯши нуқра дар баробари тилло рибо аст, магар ин ки [муомила] даст ба даст (яъне, якзамон) бошад. Гандум дар баробари гандум рибо аст, магар ин ки даст ба даст бошад. Ҷав дар баробари ҷав рибо аст, магар ин ки даст ба даст бошад. Хурмо дар баробари хурмо рибо аст, магар ин ки даст ба даст бошад."