1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم قَامَ بَعْدَ أَنْ رَجَمَ الْأَسْلَمِيَّ فَقَالَ:
«اجْتَنِبُوا ‌هَذِهِ ‌الْقَاذُورَةَ الَّتِي نَهَى اللَّهُ عَنْهَا فَمَنْ أَلَمَّ فَلْيَسْتَتِرْ بِسِتْرِ اللَّهِ وَلْيُتُبْ إِلَى اللَّهِ، فَإِنَّهُ مَنْ يُبْدِ لْنَا صَفْحَتَهُ نُقِمْ عَلَيْهِ كِتَابَ اللَّهِ عز وجل».

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз сангсор кардани Асламӣ бархост ва фармуд:
"Аз ин амали зишту палиди зино дурӣ кунед, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст ва ҳар кас муртакиби он шуд, бояд онро чунон пӯшонад, ки Аллоҳ Таъоло пӯшонида аст ва ба сӯйи Аллоҳ Таъоло тавба кунад, ки агар гуноҳи касе бар мо ошкор гашт, ҳукми Қуръонро бар ӯ ҷорӣ хоҳем кард".

Саҳеҳ رواه الحاكم والبيهقي Мустадрак ало саҳеҳайн - 7615

Шарҳ

Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) хабар дод, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз он ки Моъиз ибни Молики Асламӣ (разияллоҳу анҳу)-ро бо ҳадди зино сангсор кард, бархост ва ба мардум хутба хонд ва гуфт: Аз иртикоби ин амали зишту нописанди зино барҳазар бошед. Ва баён намуданд, ки ҳар ки муртакиби ин амали нописанд ва қабеҳ шавад, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст, бояд ду корро анҷом диҳад: Якум: Гуноҳи худро пинҳон кунад, он чунон ки Худованд ӯро пинҳон кардааст ва гуноҳи худро ба касе хабар надиҳад. Дувум: Ин ки фавран дар назди Аллоҳ Таъоло тавба кунад ва дар гуноҳ исрор наварзад. Ва агар гуноҳи ӯ барои мо ошкор гардад, бар ӯ ҳад ва ҳукми муқарраркардаи Китоби Худовандро барои он гуноҳ иҷро хоҳем кард.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тарғибу ташвиқ ба ин ки бандаи гунаҳгор, гуноҳи худро пинҳон кунад ва байни худ ва Парвардигораш аз гуноҳаш тавба кунад.
  2. Агар ҳад ба ҳоким расид, бояд он ҳад иҷро шавад.
  3. Вуҷуби дурӣ аз гуноҳон ва тавба кардан аз онҳо.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو