1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз

عَنِ ابنِ مَسعُودٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا يَحِلُّ دَمُ امْرِئٍ مُسْلِمٍ إِلَّا بِإِحْدَى ثَلَاثٍ: الثَّيِّبُ الزَّانِي، وَالنَّفْسُ بِالنَّفْسِ، وَالتَّارِكُ لِدِينِهِ المُفَارِقُ لِلْجَمَاعَةِ».

Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз: зан ё марди издивоҷ кардаи зинокор ва (қатли) ҷоне ба (қасоси) ҷон (-и дигар) ва касе, ки тарки дини худ кунад ва аз ҷамъияти мусалмонон ҷудо шавад".

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1676

Шарҳ

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки хуни мусалмон ҳаром аст, магар дар ин се ҳолат: Аввал: Касе, ки пас аз издивоҷи саҳеҳ (яъне бо ақди дуруст ва шаръӣ) даст ба фоҳишагии зино занад, чунин шахс барояш ҷазои қатл тавассути сангсор (раҷм) ҷорӣ мегардад. Дувум: Касе, ки як инсони маъсумро қасдан ва ноҳақ бикушад. Бо фароҳам шудани шароити қасос, (қотил) кушта мешавад (яъне барояш ҷазои қатл бо қасос татбиқ мегардад). Сеюм: Касе, ки аз ҷамоати мусалмонон хориҷ шавад, хоҳ бо тарки дини Ислом ба куллӣ (яъне, комил аз Ислом рӯй гардондан), ё ҷузъӣ (яъне, тарки баъзе аз аҳкоми дин) бошад, монанди исёнгарон, роҳзанҳо ва муҳорибон аз гурӯҳи хавориҷ ва ғайра.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Анҷом додани ин се хислат ҳаром аст. Ҳар касе муртакиби яке аз ин се хислат шуд, ҷазои қатл бояд бар ӯ ҷорӣ мешавад: Ё ба сабаби куфр, ки он хориҷ шудан аз Ислом аст, ё ба сабаби ҳади шаръӣ, ки он бар зани шавҳардор ва марди зандори зинокор ҷорӣ мешавад ва инчуин касе, ки қасдан касеро мекушад.
  2. Ҳифзи обрӯ, нангу номус ва покӣ воҷиб аст.
  3. Воҷиб будани эҳтироми мусалмон ва ин ки хуни ӯ маҳфуз ва муҳтарам аст.
  4. Тарғибу ташвиқ ба ҳамроҳии ҷамоати мусалмонон ва ҷудо нашудан аз онон.
  5. Шеваи омӯзиши зебои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чунон ки суханаш баъзан ба сурати тақсимбандӣ шуда меояд ва тақсимбандӣ кардан масъалаҳоро маҳдуд ва ҷамъбаст мекунад ва ҳифз карданро осонтар месозад.
  6. Худованд ҳудудро машруъ гардонидааст, то ҷинояткоронро боздорад ва ҷомеаро муҳофизат кунад ва аз ҷиноятҳо пешгирӣ намояд.
  7. Иҷрои ин ҳудуд аз ихтиёроти ҳоким ё ҳукумати исломӣ аст.
  8. Сабабҳои ҳукми қатл бештар аз ин се ҳолат ҳастанд, лекин аз ин се ҳолат берун нестанд. Ибни Арабии Моликӣ мегӯяд: "(Сабабҳои қатл бештар аз се ҳолат ҳастанд), вале ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин се сабаб хориҷ намешаванд. Зеро, касе, ки ҷоду мекунад ё Паёмбарро дашном медиҳад, кофир мешавад ва дар гурӯҳи касоне шумурда мешавад, ки дини худро тарк кардаанд."

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
SQ Shqip الألبانية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
KMR Kurmancî الكرمنجية