عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صلَّى الله عليه وسلم قال:
«ما مِنْ أحَدٍ يُسلِّمُ علي إلا ردَّ اللهُ عليَّ رُوحي حتى أردَّ عليه السَّلامَ».

[إسناده حسن] - [رواه أبو داود وأحمد] - [سنن أبي داود: 2041]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам."

[Иснодаш ҳасан аст] - [رواه أبو داود وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 2041]

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки рӯҳи ӯ ба назди ӯ баргардонда мешавад, то ба ҳар касе, ки бар ӯ салом фиристодааст, наздик бошад ё дур, посухи саломашро диҳад. Ҳаёти барзах ва қабрҳо як амри ғайбӣ аст, ки ҳақиқати онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад ва Ӯ бар ҳар чизе қодиру тавоно аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқ бар зиёд дуруду салавот фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
  2. Ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар қабр беҳтарин ҳаёте аст, ки инсон метавонад дар барзах дошта бошад ва ҳақиқати он танҳо ба Худо маълум аст.
  3. Ин ҳадис барои онҳое, ки мегӯянд Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) монанди мо зинда аст, далел намешавад. То ин ки аҳли ширк онро барои истиғоса (кумак пурсидан) аз ӯ далел нагиранд. Балки он ҳаёти барзахӣ аст.
Намоиши тарҷумаҳо