1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Садоқат ва ростиро пеша кунед, зеро ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба биҳишт мебарад

عَنْ عَبْدِ اللهِ بنِ مَسعُودٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«عَلَيْكُمْ بِالصِّدْقِ، فَإِنَّ الصِّدْقَ يَهْدِي إِلَى الْبِرِّ، وَإِنَّ الْبِرَّ يَهْدِي إِلَى الْجَنَّةِ، وَمَا يَزَالُ الرَّجُلُ يَصْدُقُ وَيَتَحَرَّى الصِّدْقَ حَتَّى يُكْتَبَ عِنْدَ اللهِ صِدِّيقًا، وَإِيَّاكُمْ وَالْكَذِبَ، فَإِنَّ الْكَذِبَ يَهْدِي إِلَى الْفُجُورِ، وَإِنَّ الْفُجُورَ يَهْدِي إِلَى النَّارِ، وَمَا يَزَالُ الرَّجُلُ يَكْذِبُ وَيَتَحَرَّى الْكَذِبَ حَتَّى يُكْتَبَ عِنْدَ اللهِ كَذَّابًا».

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Садоқат ва ростиро пеша кунед, зеро ростӣ ба некӣ мебарад ва некӣ ба биҳишт мебарад. Ҳамвора шахс рост мегӯяд ва ростиро меҷӯяд, то ин ки назди Худованд ростгӯ навишта мешавад. Аз дурӯғ парҳез кунед, ки дурӯғ ба фисқу фуҷур мебарад ва фисқу фуҷур ба дӯзах. Ҳамвора шахс дурӯғ мегӯяд ва дар дурӯғ талош мекунад, то ин ки назди Худованд дурӯғгӯ навишта мешавад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 2607

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сидқу ростгӯӣ амр намуданд ва хабар доданд, ки риояи он ба амалҳои савоб ва пойдории корҳои нек мерасонад. Ва касе, ки пайваста некӣ кунад, ба биҳишт мерасад. Ҳамвора ростӣ дар ниҳону ошкоро аз ӯ сар мезанад, то ин ки сазовори номи "сиддиқ" мегардад, ки он маънои бисёр ростгӯ ва содиқ буданро дорад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дурӯғ ва суханони ботил ҳушдор дод, зеро онҳо инсонро аз ростӣ дур мекунанд ва ба амалҳои бад, фосид ва гуноҳ мебаранд, ки дар охир ӯро ба дӯзах мерасонад. Ӯ ончунон дар дурӯғгӯӣ зиёдаравӣ мекунад, ки назди Худованд дурӯғгӯ навишта мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ростгӯӣ хислати некест, ки бо талош ва кӯшиш ба даст оварда мешавад. Пайваста шахс рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки барояш одат ва табиати ӯ мегардад. Ин гуна ӯ назди Худованд аз ҷумлаи ростгӯён ва некӯкорон навишта мешавад.
  2. Дурӯғгуӣ хислати бадест, ки шахс бо такрори зиёд ва ҷустуҷӯи гуфтору рафторҳои дурӯғин онро соҳиб мешавад, то ки барои ӯ хислат ва одат мегардад. Сипас назди Худованд аз ҷумлаи дурӯғгӯён навишта мешавад.
  3. Ростӣ ба ростгӯии забон гуфта мешавад, ки муқобили дурӯғ аст. Инчунин ростгӯӣ дар ният, ихлосу самимият аст, ростгӯӣ дар қасд, иродаи амалҳои нек ва ростгӯӣ дар амалу рафторро дар бар мегирад. Ҳатто камтарини он баробарӣ ва ҳамоҳангии нияти пинҳон ва ошкоро аст. Ростгӯӣ дар мақомҳо, мисли тарс, умед ва ғайра низ шомил мешавад. Касе, ки ин ҳама хислатҳоро дошта бошад, бисёр ростгӯ (сиддиқ) номида мешавад ва агар як қисми онро дошта бошад, ростгӯ (содиқ) мебошад.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية