1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«كُلُّ أُمَّتِي مُعَافًى إِلَّا المُجَاهِرِينَ، وَإِنَّ مِنَ المُجَاهَرَةِ أَنْ يَعْمَلَ الرَّجُلُ بِاللَّيْلِ عَمَلًا، ثُمَّ يُصْبِحَ وَقَدْ سَتَرَهُ اللَّهُ عَلَيْهِ، فَيَقُولَ: يَا فُلاَنُ، عَمِلْتُ البَارِحَةَ كَذَا وَكَذَا، وَقَدْ بَاتَ يَسْتُرُهُ رَبُّهُ، وَيُصْبِحُ يَكْشِفُ سِتْرَ اللَّهِ عَنْهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд. Ва аз ҷумлаи чунин корҳо ин аст, ки шахс дар шаб амалеро (гуноҳеро) анҷом диҳад ва шабро ба саҳар бирасонад, дар ҳоле ки Аллоҳ онро бар ӯ пӯшонидааст, пас бигӯяд: Эй фалонӣ! Дишаб чунину чунон кардам. Ӯ шабро гузаронд, дар ҳоле ки Парвардигораш ӯро пӯшонида буд, сипас саҳар пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 6069

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст, ки мусалмони гунаҳкор ба афву мағфирати Аллоҳ Таъоло умед дорад, магар касе, ки гуноҳашро бо фахру такаббур ва вақоҳат баён мекунад, сазовори бахшиш нест. Зеро шабҳангом гуноҳ мекунад ва Аллоҳ Таъоло онро мепӯшонад, вале ӯ ба дигарон мегӯяд, ки дар шаб фалон гуноҳро анҷом додааст. Шабро бо ситру пӯшиши Парвардигор мегузаронад ва саҳар он пӯшиши Парвардигорро аз худ бармедорад ва гуноҳи кардаашро ошкор мекунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баъд аз он ки Аллоҳ Таъоло гуноҳро пӯшонидааст, ошкор кардани он зишт аст.
  2. Гуноҳро ошкоро анҷом додан, паҳн кардани фаҳшо дар байни мӯъминон аст.
  3. Ҳар киро Аллоҳ дар дунё пӯшонидааст, дар охират низ ӯро мепӯшонад ва ин аз вусъати раҳмати Аллоҳ Таъоло барои бандагонаш аст.
  4. Ҳар кас, ки ба гуноҳе гирифтор шудааст, бояд худро бипӯшонад ва гуноҳро ошкоро накунад ва ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло тавба кунад.
  5. Бузургии гуноҳи касоне, ки қасдан ошкоро гуноҳ мекунанд ва худро аз фурсати бахшиш маҳрум мекунанд.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية