Рӯйхати ҳадисҳо

1. Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад
عربي Англисӣ Урду
2. Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
3. Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ]
عربي Англисӣ Урду
4. Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад
عربي Англисӣ Урду
5. Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
6. Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор
عربي Англисӣ Урду