عن عَلِيٍّ قَالَ: إِنِّي كُنْتُ رَجُلًا إِذَا سَمِعْتُ مِنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَدِيثًا نَفَعَنِي اللهُ مِنْهُ بِمَا شَاءَ أَنْ يَنْفَعَنِي بِهِ، وَإِذَا حَدَّثَنِي رَجُلٌ مِنْ أَصْحَابِهِ اسْتَحْلَفْتُهُ، فَإِذَا حَلَفَ لِي صَدَّقْتُهُ، وَإِنَّهُ حَدَّثَنِي أَبُو بَكْرٍ، وَصَدَقَ أَبُو بَكْرٍ، قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَا مِنْ رَجُلٍ يُذْنِبُ ذَنْبًا، ثُمَّ يَقُومُ فَيَتَطَهَّرُ، ثُمَّ يُصَلِّي، ثُمَّ يَسْتَغْفِرُ اللهَ، إِلَّا غَفَرَ اللهُ لَهُ»، ثُمَّ قَرَأَ هَذِهِ الْآيَةَ: {وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ} [آل عمران: 135].
المزيد
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Ҳаргоҳ аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадисе мешунидам, Аллоҳ манро аз он чунон ки хоста буд судманд мекард. Ва агар марде аз асҳобаш бароям ҳадисе аз ӯ мегуфт, ӯро қасам медодам, агар қасам мехӯрд, ӯро ростгӯ мешуморидам ва ҳамоно Абубакр ба ман ҳадисе гуфт ва Абубакр рост гуфт, ки шунидам Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Ҳеҷ марде нест, ки гуноҳе содир кунад, сипас бархоста таҳорат кунад, сипас намоз гузорад ва аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, магар ин ки Аллоҳ ӯро мебахшад". Сипас ин оятро хонд: ( Ва [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд...) (Сураи Оли Имрон, ояти 135).