Рӯйхати ҳадисҳо

1. Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
2. Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст
عربي Англисӣ Урду
3. Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!
عربي Англисӣ Урду
4. Бар ҳар мафсале (банди ангушт, даст...) аз мафсалҳои мардум ҳар рӯз садақае лозим аст
عربي Англисӣ Урду
5. Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз
عربي Англисӣ Урду
6. Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусалмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
7. Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
8. Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду