1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар рӯзадоре фаромӯш кард (ки рӯзадор аст) чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзаашро идома диҳад, зеро Худо ӯро хӯронда ва нӯшондааст

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَنْ نَسِيَ وَهُوَ صَائِمٌ، فَأَكَلَ أَوْ شَرِبَ، فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ، فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللهُ وَسَقَاهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар рӯзадоре фаромӯш кард (ки рӯзадор аст) чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзаашро идома диҳад, зеро Худо ӯро хӯронда ва нӯшондааст."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1155

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар кас, ҳангоми рӯзаи нафлӣ ё фарзӣ аз рӯӣ фаромушӣ чизе хӯрд ё нӯшид, бояд рӯзаашро идома диҳад ва ифтор накунад, зеро ӯ қасди ифтор кардан надошт, балки он ризқест, ки Худованд ба ӯ расонд ва ӯро хӯронд ва нӯшонд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Дуруст будани рӯза барои касе, ки аз рӯӣ фаромушӣ хӯрда ё нӯшида бошад.
  2. Бар касе, ки аз рӯӣ фаромушӣ хӯрд ё нӯшид гуноҳ нест, зеро он дар ихтиёраш набуд.
  3. Ин нишонаи лутфи Худованд бар бандагонаш, осон кардани ибодат ва сабук кардани машаққат ва душворӣ мебошад.
  4. Рӯзаи рӯзадор бо ҳеҷ яке аз шиканандаҳои рӯза ботил намешавад, магар бо вуҷуди се шарт: Якум: агар огоҳ бошад, яъне дар ҳоли надониста хӯрдан рӯзааш ботил намешавад. Дувум: ба ёд дошта бошад, агар аз рӯӣ фаромушӣ бошад, рӯзааш дуруст аст ва қазо бар ӯ воҷиб нест. Севум: ихтиёрӣ бошад на маҷбурӣ, ба ин маъно, ки бо ихтиёри худ шиканандаҳои рӯзаро истеъмол кунад.

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية