1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه عَنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَنْ سَبَّحَ اللهَ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، وَحَمِدَ اللهَ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، وَكَبَّرَ اللهَ ثَلَاثًا وَثَلَاثِينَ، فَتْلِكَ تِسْعَةٌ وَتِسْعُونَ، وَقَالَ: تَمَامَ الْمِائَةِ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ غُفِرَتْ خَطَايَاهُ وَإِنْ كَانَتْ مِثْلَ زَبَدِ الْبَحْرِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 597

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳар кас пас аз анҷоми намози фарз бигӯяд:
Сию се бор "Субҳоналлоҳ", яъне он поксозии Аллоҳ аз ҳаргуна нуқсонҳо аст.
Ва сию се бор "Алҳамду лиллоҳ", яъне он ҳамду сано бар Аллоҳ гуфтан дар баробари сифатҳои комилаш ба ҳамроҳи дӯст доштан ва бузургдошти Ӯ аст.
Ва сию се бор "Аллоҳу акбар", яъне Аллоҳ бузургтар ва гиромитар аз ҳама чиз аст.
Ва такмил кунандаи адади сад, бо гуфтани ин зикр аст, "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир". Яъне: Маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ, ки якто ва бешарик аст ва танҳо Ӯ мулки комилро дорад на дигарон ва Ӯ сазовори мадҳу сано ва ситоиш тавъам бо муҳаббат ва бузургдошт аст, Ӯ тавоно аст ва ҳеҷ чизе қодир ба нотавон ва оҷиз кардани Ӯ нест.
Пас ҳар касе чунин бигӯяд, гуноҳонаш маҳв ва омурзида мешавад, агарчи зиёд бошад ҳам, монанди кафки сафеде, ки дар болои баҳр ҳангоми талотуми мавҷҳо бармехезад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин зикрро баъд аз намозҳои фарз гуфтан мустаҳаб аст.
  2. Ин зикр сабаби омурзиши гуноҳон аст.
  3. Азамату бузургии фазлу раҳмат ва омурзиши Аллоҳ Таъоло.
  4. Ин зикр сабаби мағфирати гуноҳон аст. Ва манзур, бахшида шудани гуноҳони сағира аст, аммо дар мавриди гуноҳҳои кабира, ҷуз тавба ҳеҷ чиз онҳоро пок намекунад.

Намоиши тарҷумаҳо

56 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية