عَنْ أَبِي أُمَامَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَنْ قَرَأَ آيَةَ الْكُرْسِيِّ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ مَكْتُوبَةٍ لَمْ يَمْنَعْهُ مِنْ دُخُولِ الْجَنَّةِ إِلَّا أَنْ يَمُوتَ».
[صحيح] - [رواه النسائي في الكبرى] - [السنن الكبرى للنسائي: 9848]
المزيــد ...
Аз Абу Умома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад."
[Саҳеҳ] - [رواه النسائي في الكبرى] - [Сунани кубро, Насоӣ - 9848]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳар ки баъд аз анҷоми намози фарз Оятулкурсиро бихонад, ба ҷуз марг чизе аз вуруди ӯ ба биҳишт монеъ намешавад. Оятулкурсӣ дар сураи Бақара аст, Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255)