31Рӯйхати ҳадисҳо

Рӯйхати ҳадисҳо 31

1. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳама корҳояш аз тарафи рост оғоз карданро дӯст медошт, ҳангоми пӯшидани пойафзол, шона задани мӯй, вузӯ гирифтан ва дар ҳамаи корҳояш
2. Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хандидан зиёдаравӣ кунад, (ва даҳонаш боз бимонад) ки даруни даҳонаш намоён шавад, балки ҳангоми хандидан фақат табассум мекард - 2 ملاحظة
3. Ҳаргоҳ яке аз шумо хобе дид, ки он хобро дӯст дорад (яъне хоби хубе дид), бидонад, ки он хоб аз ҷониби Худо аст, бояд Худовандро барои он шукр бигӯяд ва онро ба дигарон нақл намояд. Аммо агар хобе бинад, ки дӯсташ надорад (яъне хоби бад), он хоб аз ҷониби шайтон аст, бояд аз шарри он ба Худованд паноҳ барад ва онро ба касе нақл накунад, зеро он хоб ба ӯ зарар намерасонад
4. Касе, ки ду духтарро сарпарастӣ кунад, то ин ки ба синни балоғат бирасанд, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки ман ва ӯ монанди ин ду хоҳем буд". Ва ангуштонашро бо ҳам часпонд
5. Агар бар муъминон -ё бар умматам- душвор намебуд, фармон медодам, ки онҳо барои ҳар намоз мисвок бикунанд
6. Ҳеҷ рӯзеро бандагон саҳар намекунанд магар ин ки ду фаришта фуруд меояд. Яке аз онҳо мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки инфоқ мекунад, ивази онро бидиҳ! Дигарӣ мегӯяд: Эй Аллоҳ, ба касе, ки бозмедорад, талаф бидеҳ!" (Яъне, моли бахилро талаф бидеҳ)
7. Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо амалаш наҷот намеёбад." Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто шумо ҳам? Фармуд: "Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо раҳмат ва фазли хеш фаро гирад
8. Ё Аллоҳ! ман ба розигии Ту аз ғазаби Ту паноҳ меҷӯям, ба беҳбудии Ту аз ҷазои Ту паноҳ меҷӯям, аз Ту ба Ту паноҳ мебарам, тавону ёрои онро надорам, ки ба ҳамду санои Ту (чунон ки шоистаи Туст) бипардозам, Ту тавре ҳастӣ, ки худатро ситоиш намудаӣ - 2 ملاحظة
9. Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)
10. Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад
11. Хоби хуб аз ҷониби Аллоҳ аст, хобҳои парешон (ҳулм) аз ҷониби шайтонанд. Агар яке аз шумо хобе дид, ки ӯро ба тарс андохт, се бор ба тарафи чапи худ оби даҳон биандозад (туф кунад) ва аз бадии он ба Худо паноҳ барад, зеро он хоб ба ӯ зиён намерасонад
12. Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун (тавассути тавба ва пушаймонӣ)
13. Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам - 6 ملاحظة
14. Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) пурсидам: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақто ки хона медаромад бо чи чиз оғоз мекард? Гуфт: Бо мисвок (яъне дандонҳошро мисвок мекард)
15. Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шабро то саҳар хоб рафт. Фармуд: "Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш - ё дар гӯшаш - пешоб кардааст
16. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар даҳаи охири моҳи Рамазон барои ибодат чунон кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар ғайри он чунин кӯшише намекарданд
17. Ҳеҷ бандае (айби) бандаеро дар дунё намепӯшонад, магар ин ки Худованд рӯзи қиёмат (айбҳо ва гуноҳони ) ӯро мепӯшонад
18. Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад
19. Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод
20. Қадамҳои бандае, ки дар роҳи Худованд ғуборолуд шудааст, оташи дӯзах онро ламс намекунад
21. Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд
22. Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст
23. Аз чизҳое, ки баъд аз марги худ бар шумо метарсам, ин аст, ки дарҳои зебоӣ ва зинатҳои дунё ба рӯи шумо кушода шаванд - 2 ملاحظة
24. Ҳар касе дӯст дорад, ки Худованд ӯро аз сахтиҳои рӯзи қиёмат наҷот диҳад, пас бояд ба қарздори тангдаст сабукӣ диҳад ё қарзашро бубахшад
25. Дар ҳақиқат, сабуктарин (камазобтарин) кас аз аҳли дӯзах он шахс аст, ки барои ӯ ду мӯза ва ду банди мӯза аз оташ мебошанд. Аз гармии он мағзи сари ӯ ҷӯш мезанад, мисли он ки дег меҷӯшад. Бо вуҷуди ин, ӯ гумон мекунад, ки азоби касе аз азоби ӯ сахттар нест, дар ҳоле ки ӯ сабуктарин азобро дар миёни аҳли дӯзах дорад
26. Муъминро рӯзи қиёмат ба Парвардигораш наздик мекунанд, то он ки Худо ӯро ба раҳмати худаш фаро гирад
27. Дар дунё қаноатманду парҳезгор бош, то сазовори дӯст доштани Худо бошӣ; аз (тамаъ кардани) ҳар чизе, ки мардум ба даст овардаанд, парҳез кун, то туро мардум дӯст бидоранд
28. Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд
29. Қалам (навиштани амалҳои онон ба воситаи фариштагон) аз се нафар бардошта шудааст: Аз хоб, то ин ки бедор шавад, аз кӯдак, то ин ки ба балоғат бирасад, аз девона, то ин ки ақлаш баргардад - 2 ملاحظة
30. Оё Худои Таъоло барои шумо имкони чизе садақа карданро надодааст?! Ба дурустӣ ба ҳар бор "субҳоналлоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "Аллоҳу Акбар" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "алҳамдулиллоҳ" гуфтан садақа аст; ва ба ҳар бор "ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан садақа аст; ва амри маъруф кардан садақа аст; ва наҳйи мункар кардан садақа аст; ва дар муошират кардани ҳар яки шумо бо ҳамсаронатон садақа аст - 2 ملاحظة
31. Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад