Дастабандӣ:
+ -

عَن ابنِ عباسٍ رضي الله عنهما أنَّ رسولَ اللهِ صلي الله عليه وسلم قال:
«لَو يُعطَى النّاسُ بدَعواهُم لادَّعَى رِجالٌ أموالَ قَومٍ ودِماءَهُم، لَكِنَّ البَيِّنَةَ على المُدَّعِى، واليَمينَ على مَن أنكَرَ».

[حسن] - [رواه البيهقي، وغيره هكذا، وبعضه في الصحيحين] - [الأربعون النووية: 33]
المزيــد ...

Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, он гоҳ мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам ёд кардан (лозим) аст".

[حسن] - [رواه البيهقي وغيره هكذا وبعضه في الصحيحين] - [الأربعون النووية - 33]

Шарҳ

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар ба мардум танҳо бо даъвоҳои худашон (бе ягон далелу қарина) он чиро, ки даъво доранд, дода шавад, пас баъзеҳо молу хуни мардумро даъво мекарданд. Аз ин рӯ, бар даъвогар лозим аст, ки далел ва бурҳон пешниҳод кунад. Агар далеле надошта бошад, даъво бар муқобили касе, ки аз он талаб мешавад (яъне муҳокимашаванда) равона мешавад. Агар ӯ инкор кунад, пас бояд савганд хӯрад ва бо ин роҳ бегуноҳ дониста мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ибни Дақиқи Ъид мегӯяд: Ин ҳадис яке аз асосҳои муҳимми ҳукмҳо ва бузургтарин марҷаъ дар ҳолати ихтилоф ва низоъ мебошад.
  2. Шариат барои ҳифзи молу ҷони мардум аз фиребу найранг омадааст.
  3. Қозӣ бо дониши шахсии худ ҳукм намекунад, балки ба далелу бурҳонҳо руҷуъ мекунад.
  4. Ҳар касе даъвое бидуни ҳеҷ гуна далелу бурҳон кунад, даъвояш рад карда мешавад, хоҳ ин дар масоили ҳуқуқ ва муомилот бошад ва хоҳ дар масоили имон ва илм.
Тарҷума: Англисӣ Урду Индонезӣ Бангладешӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Амҳарӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Дарӣ Сербӣ Кинёрвондӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري الولوف Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية المقدونية الخميرية
Намоиши тарҷумаҳо
Дастабандишудаҳо
Бештар